Кофист дар фазои маҷозӣ ба дунболи нахустинҳо ва бартаринҳои ҷаҳон бошед, дар ин миён бо сайте рубарӯ мешавед, ки барои нахустин бор ба сабти маънавии бартаринҳои ҷаҳони Ислом мепардозад, сайте, ки тарроҳи он як эронӣ аст.
Ба навиштаи "Форс", гоҳе бархе афрод барои шуҳратталабӣ иқдом ба сабти рекордҳое дар Гиннес мекунанд, ки сирфан ҷолиб аст ва суде дар пай надорад, ба таври мисол инки чанд кило меваро дар арзи 5 дақиқа битавонад хӯрад, ё ин ки бо зарбаи сар чанд тарбузро дар муддати кӯтоҳе хурд кунад, баландтарин нохун ва риши ҷаҳон, аз ин гуна мавридҳо чӣ ёрие ба дунёи буҳронзада ва орӣ аз маънавияти ҷаҳон хоҳад кард? Ин пурсише буд, ки дар зеҳни Саидмуртазо Мирсироҷӣ эҷод шуд ва ба роҳандозии сайте ба номи "Ал-хайрот" дар зимистони порсол шуд. Номи ин сайт аз ояи "Фастабиқу- ал- хайрот" (Пас дар корҳои нек аз якдигар сабқат гиред) гирифта шуда ва бо нишонии
www.al-khayrat.org дар дастрас аст. Аз ҷумлаи рекордҳое, ки ба унвони рекордҳои маънавӣ дар ин веблог ба сабт расида, метавон ба китоби "Биҳор-ул-анвор" - и Аллома Маҷлисӣ дар 110 ҷилди чопӣ ба унвони бузургтарин китоби ҳадис ишора кард.