Эрон дар тавлиди илми пизишкӣ мақоми дуюм дар минтақаро дорад
Қосими Аҳмадӣ, узви комиссиюни омӯзиш ва таҳқиқоти Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфтааст: Эрон дар тавлиди илми пизишкӣ рутбаи дуюм дар минтақа ва мақоми 19 дар ҷаҳонро дорад.
Вай афзудааст: таҳрим барои Эрони исломӣ фурсати рушд ва таолӣ буда, на таҳдиде, ки вобастагиро дар он эҷод кунад ва бояд дар фазои рӯ ба рушд аз тавонмандиҳо дар масири тавсеаи гардишгарии саломат гом бардорем.
Вай дар идома гуфт: вазъияти беҳдошт ва дармони Эрон рушди чашмгире дар солҳои ахир дошта ва шоҳиди ҷарроҳиҳои мудерни пизишкӣ ва тачҳизоти мудерни сахтафзорӣ ва нармафзорӣ ҳастем. Ин намояндаи Маҷлис ба хабарнигори "Форс" гуфтааст, ки амният ва саломат ду рукни асосии саломати ҷомеа ҳастанд ва давлат бояд ба онҳо таваҷҷуҳи лозим намояд.