Роҳи пеши рӯи Исроил сулҳ бо Фаластин аст
Режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, танҳо гузинаи пеши рӯи Исроил барои таъсири мусбат бар минтақа, сулҳ бо Фаластин аст
Ба гузориши хабаргузории Форс, ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Шимон Перес, раиси Исроил хостори оғози муҷаддади музокироти сулҳ бо фаластиниён шуд ва таъкид кард, ки Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин шарике аст, ки метавон бо вай ба тавофуқи сулҳ расид.
Вай, ки дар баробари дипломатҳои исроилӣ суҳбат мекард, гуфт танҳо як гузина барои эҷоди таъсири мусбат бар минтақа вуҷуд дорад, ки ин гузина низ расидан ба тавофуқномаи сулҳ бо фаластиниён аст.
Шимон Перес идома дод: ман Абумозанро аз 30 сол пеш мешиносам ва ҳеч кас наметавонад назарамро дар ин бора тағйир диҳад.
Вай афзуд: бисёре аз мардум аз изҳороти Абумозан интиқод мекунанд, ин дар ҳоле аст ки раҳбари арабии дигаре нест, ки бигӯяд бо сулҳ ва зидди терроризм буда ва хостори ташкили давлати фаастинии бидуни таслиҳот.
Суханони Шимон Перес бо интиқоди шадиди ҳизби "Ликуд" ба раёсати Бенямин Натаняҳу, нахуствазири Исроил рӯ ба рӯ шуд.
Ҳизби "Ликуд" муддаӣ аст ки Маҳмуд Аббос бо гуфтугӯҳои сулҳ мухолиф буда ва ин дар ҳоле аст, ки ташкилоти худгардони Фаластин эълон кард, то замоне ки Исроил ба шаҳраксозӣ дар заминҳои фаластиниён идома медиҳад, ба музокирроти созиш боз намегардад.