Ӯзбакистон ва Тоҷикистон дар мавриди хариду фурӯши газ гуфтушунид доранд
Ду рӯз боз интиқоли гази Ӯзбакистон ба Тоҷикистон қатъ шуда, Тошканду Душанбе то ҳанӯз дар мавриди аз сар гирифтани созишномаи интиқоли имсолаи он ба тавофуқ нарасидаанд.
Тибқи иттилоъи расонаҳо, соати 06-00-и рӯзи 31-уми декабр Ӯзбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ карда буд. Ширкати «Узтрансгаз» бошад, эълом доштааст, ки интиқоли газ ба Тоҷикистон ҳанӯз 12 соат қабл аз поёни қарордод қатъ карда шуд. Ба қавли манбаъ, Тоҷикистон дар соли 2012 ба ҷои 155 миллион метри мукааби тавофуқшуда, аз Ӯзбакистон ҳамагӣ 132 миллион метри мукааб газ гирифтааст.«Феълан, музокироти қарордоди нав байни Душанбеву Тошканд идома дорад».
Масъулини «Тоҷиктрансгаз» мегӯянд, харидуфурӯши газ миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон, тайи ду соли охир, бо тақозои кишвари ҳамсоя аз рӯи формулаи байналмилалии нарх сурат мегирад. Дар соли 2012-юм нархи 1000 метри мукааби гази Ӯзбакистон барои Тоҷикистон аз ҳадди 300 доллари амрикоӣ боло рафта буд.Дар Тоҷикистон гази Ӯзбакистон асосан барои фаъолияти ду корхонаи бузургтарин- корхонаи Талко" ва "Тоҷиксемент" истифода мешавад