Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон аз Қатар баргашт
Дар ин бора як манбаъи мӯътамад аз ВКД-и кишвар ба Озодагон иттилоъ дод.
Ба қавли манбаъ, вазири корҳои дохила, ки тайи чанд рӯзи ахир дар давлати Қатар қарор дошт, пас аз анҷоми якчанд дидору гуфтушунид ва баҳсу баррасии масоили марбут ба ҳамкории дуҷонибаи мақомоти Тоҷикистону Қатар шоми дирӯз ба Душанбе омад: «Таври мисол, рӯзи 28-уми декабр дар давлати Қатар Рамазон Раҳимов бо бо вазири корҳои дохилии Қатар Шайх Абдулло Насир Аттанӣ мулоқот анҷом дода буд».
Манбаъ афзуд, аснои нишасти мазкур, ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона муҳим ва зарурӣ ҳисобиданд. Ҳамчунин, мусоҳибон оид ба вазъияти Афғонистон, ояндаи ин кишвар баъд аз хурӯҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 табодули назар карданд. Инчунин, гуфта мешавад, Рамазон Раҳимов бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қатар истиқомат мекунанд, мулоқот кард.