Яке аз пешнамозҳо дар ҷумҳурӣ иддао дорад, ки аз Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон вожаи ислом бардошта шавад.
Ба қавли «аллома»-и давр, ислом ба ваҳдат мехонаду ин ҳизб гӯё боиси ихтилоф байни мусалмонҳо будааст. Мешавад, гуфт, ки ин роҳкор бузургтарин «бозёфт» мебошад.
Дар ин бора дар як мақолаи нашршуда дар ҳафтаномаи Озодагон сухан меравад. Муаллиф дар идомаи матлаб менависад: «Ошкоро мегӯям, ки ҳаводори ҲНИТ нестам, ҳарчанд раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро ба унвони як сиёсатмадори воқеан мардумӣ ва ҳушёру доно эҳтиром мекунам. Бар ин боварам, ки агар дар ҳукумати Тоҷикистон ду-се нафаре мисли Кабирӣ мебуданд, вазъи кишвари мо комилан дигар мешуд. Дар зимн, дигарон ҳам бояд мардона бипазиранд, агар ҲНИТ ва Кабирӣ воқеан байни мардум ҷойгоҳ надоранд, чаро аз ҳар иқдоми онҳо ин қадар дар таҳлука меафтанд?»…
Барои мутолиаи мақола ба нишонии зер муроҷиат намоед:
https://www.ozodagon.com/ij/item/16868