Суғд: 1330 оила дар панҷ моҳ аз ҳамдигар ҷудо шудааст
Тайи панҷ моҳи соли равон ҳудуди 1330 оила дар вилояти Суғд вайрон шудааст.
Тавре ба хабарнигори минтақавии «Озодагон » дар шимоли мамлакат мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии вилояти Суғд, Муқаддамхон Ҳошимова иттилоъ дод, дар панҷ моҳи соли равон 9060 ҳодисаи бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда ва то ин муддат беш аз 1300 ҳодисаи барҳамрезии оилаҳо дақиқ карда шудааст. Хонум Ҳошимова афзуд, бештари ҳодисаҳои барҳампошии оилаҳо тавассути ҳукми ин ё он додгоҳ сурат гирифта, қонунӣ шудаанд.
Ба ин тартиб, масъулони идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Суғд, афзоиши вайроншавии оилаҳоро аз нофаҳмиҳову хушунатҳо миёни наварӯсон бо хушдоманҳо ва аъзоёни оилаҳои шавҳарон маънидод мекунанд. Аммо, дар ин зимн коршиносон мегӯянд, ки ба далели вазъи ноустувори зиндагӣ, шароити номусоиди манзил ва гузашта аз ин ҳама, муҳоҷирати корӣ аз паёмадҳои аслии афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар Тоҷикистон маҳсуб мегардад.
{jathumbnail off}