Эмомалӣ Раҳмон дар мактаб-интернати №1-и Душанбе
Имрӯз, 28-уми декабр президенти кишвар ба муассисаи мазкур, ки калонтарин таълимгоҳи марбутаи соҳа дар ҷумҳурӣ мебошад, ташриф оварда, омӯзгорону тарбиятгирандагони онро бо соли нави мелодӣ табрик гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур, ҷаноби Раҳмон ба ҳар як тарбиятгиранда тӯҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим намуд.
Гуфта мешавад, ин муассиса аз се бинои таълимӣ иборат буда, 557 нафар тарбиятгирандагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро бо таълиму тарбия фаро гирифтааст.Аз онҳо 37 нафар ятими пурра, 414 кас нимятим ва 106 нафар аз оилаҳои камбизоат мебошанд.Тарбиятгирандагони он дар як шабонарӯз 4 маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.Тавре аён гардид, муассисаи таълимии мазкур бо синфхонаҳои муосир, аз ҷумла 2 синфи компютерии пайваст бо шабакаи интернет, синфҳои озмоишии фанҳои дақиқ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон муҷаҳҳаз буда, омӯзгорони соҳибтаҷриба низ дорад.
Ҳамзамон, дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону парасторон ва тарбиятгирандагони ин муассиса дар ҳузури масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ сӯҳбат ороста, аз ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва нафарони саховатпеша даъват намуд, ки корҳои хайру савоби худро бештар барои ҳамин гуна муассисаҳо ва дигар нафарони воқеан ниёзманд анҷом диҳанд.