Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи мазкур иттилоъ доданд, зимнан иштирокчиён ҷиҳати ислоҳоти қонунгузории андоз фикру мулоҳизаҳои хешро баён доштанд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки гурӯҳи машваратӣ барои ислоҳоти қонунгузории андоз пешниҳодҳои асоснок омода намуда, на дертар аз 1 маротиба дар 2 моҳ барои муҳокима пешниҳод намояд. Дар ин вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи машваратӣ, муовин, котиби гурӯҳ ва аъзоёни он муайян гардиданд. Ҷараёни муҳокимарониҳо, ки дар рафти ҷаласаи имрӯзаи гурӯҳи корӣ сурат гирифт, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки аъзои он омодаанд барои такмил ва соддагардонии қонунгузории андоз пешниҳодҳои асоснок таҳия намоянд ва ба ҳамин тариқ саҳми назарраси худро гузоранд.
{jathumbnail off}