Ҳушдори Вазорати тандурустӣ аз афзоиши бемории зуком
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди мубталоёни бемории зуком дар кишвар ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод аз аввали соли равон то ҳол дар Тоҷикистон беш аз 15 ҳазор беморони зуком ба қайд гирифта шудааст.
Наврӯз Ҷаборов, муовини директори Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ дар шарҳи ин хабар ба Озодагон иттилоъ дод, ки шаҳрвандон дар ҳолати пайдо намудани нишонаҳои аввали зуком ба монанди ҳарорати баланд, беҳолӣ, атсаи зиёд, дарди сар ва сулфа зуд бояд ба духтур муроҷиат намуда, мутобиқи ташхиси табибон табобат гиранд.
Номбурда мегӯяд, дар ҳолати муошират бо нафарони гирифтори ин беморӣ эҳтиёт кардан лозим: « Фаромуш накунед, ки зуком тез аз як нафар ба нафари дигар мегузарад».
Бино ба иттилои манбаъ, махсусан кӯдакони то 5 сола, шахсони аз 65 сола боло аз нафарони ба чунин беморӣ гирифторшуда, бояд эҳтиёт намоянд.