Баррасии фарҳанги иттилоотӣ дар Душанбе
Фардо, 27-уми декабр соати 14-00 дар меҳмонхонаи «Гулистон-Тур»-и пойтахт нишасте баргузор хоҳад шуд.
Аз Кумитаи тадорукот оид ба худтанзимкунии муҳтавои бахши тоҷикистонии Интернет ба Озодагон иттилоъ доданд, ки зимни ин ҳамоиш дар назар аст лоиҳаи «Муроҷиатномаи кушода оид ба таҳия ва татбиқи Одобномаи шаҳрванди ҷомеаи иттилоотӣ» баррасӣ гардад.
Гуфта мешавад, дар ҷаласаи мазкур ҷонибҳои манфиатдор, коршиносон ширкат намуда, атрофи масъалаи рушди фарҳанги иттилоотӣ табодули назар хоҳанд кард.