Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯйхати беҳтарин мураббии Сербия
Никола Кавазович, сармураббии дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва тими мунтахаби футболи Тоҷикистон ба рӯйхати беҳтарин мураббии соли Сербия шомил шудааст.
Бино ба навиштаи торнамои варзишии sportske.net ба рӯйхати беҳтарин мураббии соли Сербия дар баробари Никола Кавазович 5 номзади дигар-Александр Станоевич («Пекин Гуоан», Чин), Драгомир Окука («Тзянсу Сэйнти», Чин), Мирослав Чукич («Валдолид», Испания), Иван Йованович («АПОЭЛ», Кипр) ва Славолюб Муслин («Краснодар», Русия) низ шомил гардидаанд.
Гуфта мешавад, назарпурсӣ ҷиҳати муайян намудани муррабии беҳтарин имрӯз, 24-уми декабр натиҷагирӣ мешавад.
Бояд гуфт, ки сармураббии тими миллии Тоҷикистон ба рӯйхати номзадҳо ба унвони мураббии соли Сербия ҳамчун ягона мутахассиси сербиягӣ дохил карда шудааст, ки ҷоизаи қитъавӣ – Ҷоми раиси АФК-ро бо тими «Истиқлол» ба даст овардааст.