4586 зан дар Тоҷикистон мансабҳои гуногуни хизмати давлатиро ба дӯш доранд
Дар китобхонаи миллии Тоҷикистон машварати ҷамъбастии ҷаласаҳои «Клуби мубоҳисавии занон» баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии МН, дар кори ҳамойиши мазкур муовини раиси Маҷлиси намояндагони Назира Fаффорова, вакилон Галия Рабиева, Саодат Амиршоева, Бибидавлат Афзалшоева, Мунаввара Кенҷаева, Мақсуда Самадова ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои мухталифи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Назира Fаффорова дар суханронии худ, аз ҷумла иброз намуд, ки имрўз дар Тоҷикистон, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорад, масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат маҳсуб мегардад.
- Дар таъмини иштироки воқеии занон дар сиёсат, ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлатӣ, махсусан, фармони президент аз 03.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» нақши муҳим бозид»,- гуфт муовини раиси Маҷлиси намояндагон.
Ҳамзамон, Назира Fаффорова таъкид дошт, ки тавассути татбиқи сиёсати давлатии гендерӣ ҳамарўза мавқеъ ва нуфузи занон дар идоракунии давлатӣ меафзояд. Дар соли 2012 шумораи умумии заноне, ки дар мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият доранд, ба 4586 нафар расидааст. Дар натиҷаи амалигардонии грантҳои президентӣ, то охири соли 2011 2500 нафар занон бо ҷойҳои кори доимӣ ва 840 нафар занон бо ҷойҳои корҳои муваққатӣ фаро гирифта шуда, маърифати ҳуқуқӣ ва соҳибкорию корофарии 18 918 нафар занон дар ин муддат баланд бардошта шуд. Дар маҷмўъ, дар муддати 5 сол ин лоиҳаҳо доираи зиёда аз 21 000 нафар занонро фаро гирифтааст.