Ҳасан Асадуллозода ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ вобаст шуд
Соли 2013 дар баробари амалисозии нақшаҳои пешбинигардида, соли омодагӣ ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро соҳиб шудани шаҳри Душанбе эълон мегардад.
Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастии солонаи ҳукумати пойтахт, ки рӯзи гузашта таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев, мири шаҳри Душанбе баргузор шуд, қарори марбута ба имзо расид. Ҳамин тавр, барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани омодагиҳо ва ташкилу назорати корҳои тайёрӣ комиссияи вижа бо ҳузури намояндагони аҳзобу соҳибкорон таъсис дода шуд.
Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи раиси ҳукумати Душанбе ба Озодагон иттилоъ дод, дар ин кор дар ноҳияи Сино - ҲХДТ ва соҳибкор Наврўз Комилов, И.Сомонӣ - ҲКТ ва соҳибкор Ҳасан Асадуллозода, Шоҳмансур – ҲНИТ ва соҳибкор Зайд Саидов ва ноҳияи Фирдавсӣ- ҲСТ ва соҳибкор Қурбон Неъматов ба ҳайсси сарпарастону масъулини чорабинӣ вобаст гардиданд.