Ғолиби озмуни донишҷӯи сол муайян шуд
Миёни 45 нафар донишҷӯёни беҳтарини донишгоҳҳои Тоҷикистон дар озмуни «Донишҷӯи сол - 2012» ғолиби ин озмун муайян гардид.
Аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ба Озодагон иттилоъ доданд, ки даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол - 2012» миёни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дар толори Китобхонаи марказии вилояти Хатлон дар шаҳри Қурғонтеппа доир гардид.
Баъди муайяншудани ғолибони даври аввали ин озмун онҳо ба даври ниҳоӣ бо пешниҳоди роҳбарони макотиби олӣ роҳхат гирифтанд.
Дар озмун аз мактабҳои олии шаҳрҳои Хӯҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Хоруғ ва Душанбе 45 нафар донишҷӯёни беҳтарин ширкат намуданд: “Тибқи тартиби баргузорӣ сараввал аз толибилмон диктант бо забони давлатӣ гирифта шуд. Сипас ба онҳо яксаволӣ дар доираи фанҳои ҷамъиятшиносӣ, сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда шудааст, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамчунин, омӯзгорон дониши забонӣ ва технологияи муосири довталабонро санҷиданд”.
Гуфта мешавад, дар озмуни мазкур ҷои якум ба Алиқулова Навруза, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷои дуюм ба Маҳмудов.А ва Азими Нуриддиншо, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии шаҳри Хӯҷанд ва ҷои сеюм ба Абдулқайси.С, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дода шуд.
Ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиёни он бо тӯҳфаҳои хотиравии таъсиснамудаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ сарфароз гардидаанд.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷӯи сол 2012» дар байни донишҷӯёни макотиби олии ҷумҳурӣ дарёфти донишҷӯи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯёни кишвар дар рӯҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.