Таъсиси корхонаҳои саноатӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз аввали соли равон то ба ҳол дар соҳаи саноати маводи сохтмон 34 корхонаи нав бо таъсиси 923 ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.
Аз Вазорати энергетика ва саноат ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи сементбарории «Суғд семент» бо иқтидори солонаи 100 ҳазор тонна семент ба кор оғоз намуд, ки дар он 142 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Муъминобод, Ҳисор, Рӯдакӣ, Турсунзода, Данғара, Ваҳдат, Хуросон, Ғончӣ, Чкаловск ва Исфара низ имсол корхонаҳои истеҳсоли хишт, қуму шағал, оҳакбарорӣ, коркарди санг ва гаҷбарорӣ ба фаъолият оғоз намудаанд.
Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби «Хуаксин ғаюр семент» сохтмони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 1 миллион тонна семент дар як сол идома дорад.
Дар бунёди он 600 нафар коргарони хитоӣ ва 200 нафар коргарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд. То имрўз ба маблағи 75 миллион доллари ИМА корҳо наҷом дода шуда, таҷҳизоти технологӣ ворид карда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, аз тарафи корхонаи «Ваҳдат Хуалун» дар шаҳри Ваҳдат сохтмони корхонаи хурди сементбарорӣ, ки иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сементро дар як сол ташкил мекунад, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад: «Инчунин сохтмони корхонаҳои бузурги сементбарорӣ дар ноҳияҳои Данғара ва Шаҳритус аз тарафи сармоягузорони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дорад».
Масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз медоранд, ки соли 2013 дар соҳаи маводи сохтмон ба истифода додани 25 корхонаи хурду миёна дар назар дошта шудааст.