Баррасии муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ваҳдат
Гурӯҳи кории Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Душанбе бо мақсади пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ оид ба касбомӯзӣ, забономӯзӣ, сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа бо бошандагони ноҳияи Ваҳдат мулоқот намуданд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ дод, ки вохӯрии мазкур аз 18-уми декабр оғоз ёфта, дар он раисони ҷамоат, директорони макотиб, донишҷӯён, муҳоҷирони меҳнатӣ, кормандони соҳаи тиб, имомхатибон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фаъолон ва шахсони масъули ноҳияи Ваҳдат ширкат доранд.
Дар вохӯрӣ масоили касбомӯзӣ, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, депортатсия(ихроҷкунӣ) одобу русум, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, сафари ноболиғон ба Русия, баҳисобгирии муҳоҷирон, шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин соҳа матраҳ гардиданд.
Гуфта мешавад, ин мулоқот фардо, 21-уми декабр ба анҷом расида, дар назар аст бархе аз масъалаҳои дигар роҷеъ ба муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ шаванд.
Манбаъ мегӯяд, атрофи масъалаи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо пеш аз сафар, дурӣ ҷӯстан аз миёнаравон дар бозори меҳнат, аз ташхиси тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ва баъд аз он, ҳидоят ва роҳнамоии дурусти ҷавонони муҳоҷир дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хизмати софдилона, ба муҳокимаи умумӣ гузоштани қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» , зери таъсири манфӣ қарор нагирифтани ҷавонон ба ақидаҳои радикалӣ ва пурзур намудани самтҳои ҳамкориҳо аз мавзӯҳое мебошанд, ки пагоҳ дар идомаи ин мулоқот баррасӣ хоҳанд шуд: «Ташкил ва дидору мулоқотҳои гурӯҳи кории кормандони хадамот дар якҷоягӣ бо СБМ бо бошандагони ин ноҳия ҷиҳати танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ба касбомӯзӣ фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва забономӯзии муҳоҷирон, назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ миёни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад».