Волейбол: Духтарони бадахшӣ бори 13-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуданд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба волейбол миёни бонувон дар кишвар ба анҷом расида, бонувони бадахшӣ унвони қаҳрамониро соҳиб гаштанд.
Тавре Муродалӣ Тешаев, масъули Кумитаи миллии олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, ин сабқат дар қасри варзишии воқеъ дар маҳаллаи 46-уми пойтахт сурат гирифта, дар он дастаҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва водии Рашт ширкат доштанд.
-Дар ҷараёни қувваозмоиҳо ду даста- ВМКБ ва Суғд ба даври ниҳои роҳ ёфтанд. Дар сабқати ниҳоӣ бо ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи варзишгардухтарони бадахшӣ ба анҷом расид. Дастаи Душанбе-1 бо ҳисоби 3 бар 0 тими Душанбе 2-ро мағлуб намуд. Дар анҷом аз ҷониби Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, дар доираи барномаи зан ва варзиш ғолибонро бо ҷому ифтихорнома ва медал сарфароз намуд.
Бояд тазаккур дод, ки бори 13-ум аст, ки дастаи мунтахаби бонувони Бадахшон унвони қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии волейбол соҳиб мешаванд.