Таъсиси осорхонаи муҳоҷират дар Маскав
«Барои Москва чӣ гуна осорхонаи муҳоҷират лозим аст» таҳти чунин унвон дар шаҳри Маскави Русия бо ташаббуси Маркази таҳқиқоти масоили муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Русия ва намояндагии Созмони байналмиллалии муҳоҷират дар Маскав мизи мудавваре баргузор гардид.
Аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Озодагон иттилоъ доданд, ки дар ин чорабинӣ нахуст директори Маркази таҳқиқоти масоили муҳоҷирати Академияи илмҳои Русия лоиҳаи таъсиси Осорхонаи муҳоҷиратро муаррифӣ ва ҳадафи таъсиси онро барои ҳалли мушкилоти раванди муҳоҷират манфиатбахш арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, иштирокдорони ин мизи мудаввар масоили вобаста ба дарёфти роҳҳои ташаккули андешаи таҳаммулпазирии ҷомеа нисбат ба муҳоҷиронро тавассути ҷодаҳои гуногуни санъат, шаклҳои нави тадбирҳои маърифатӣ – равшаннамоӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти масъулини бахшҳои гуногуни муҳоҷират баррасӣ намудаанд.
Дар рафти чорабинӣ баргузор намудани чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, аз қабили фестивалҳои муҳоҷирон, намоишҳои рассомӣ, ки метавонад дар ҷараёни мутобиқшавии фарҳангию ииҷтимоии муҳочирон ба ҷомеаи Русия нақши муҳим бозад, пешниҳод гардид.
Иброҳим Аҳмадов, котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия таъкид намудааст, ки нақши васоити ахбори омма дар ташаккули андешаи таҳаммулпазирии ҷомеа нисбат ба масоили муҳоҷират хеле муассир аст, ки ин масъулияти ҳар як хабарнигорро дар инъиноси воқеъбинонаи масоили муҳоҷират бештар мекунад.
Манбаъ мегӯяд, ин мизи мудаввар ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳоҷир, ки 18-уми декабр таҷлил гардид, баргузор шудааст: «Таъкид шуд, ки Рӯзи байналмиллалии муҳочир имкон медиҳад бори дигар саҳми арзандаи муҳочиронро дар рушди иқтисодӣ- ичтимоӣ ва фарҳангии кулли кишварҳои ҷаҳон, ки дар давоми садсолаҳо инҷониб идома дорад, эътироф намоем».
Дар чорабинӣ кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, Донишкадаи фарҳангшиносии Русия, ташкилоту созмонҳои дифои ҳуқуқ, намояндагони ВАО ва коршиносони соҳа иштирок намудаанд.