Мусобиқаи байналмилалӣ барои посдории хотираи С. Раҳимов
22-23-юми декабр дар шаҳри Душанбе, воқеъ дар толори маҷмааи Хадамоти алоқа барои пос доштани хотираи Саидмуъмин Раҳимов, ҷаҳонапаҳлавони тоҷик мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо баргузор мегардад.
Тавре Муродалӣ Тешаев, котиби матбуотии Кумитаи миллии олимпӣ ба Озодагон иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур, ки бори дуюм дар сатҳи байналмилалӣ баргузор мешавад, варзишгарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ширкат меварзанд. Ҳамчунин намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин чорабинӣ даъват гардидаанд. Паҳлавонон дар 9-вазн байни ҳам рақобат менамоянд ва ғолибон бо унвони устоди дараҷаи байналмилалӣ сарфароз хоҳанд гардид.
Номи Саидмумин Раҳимов-мураббии шоистаи ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди шоистаи варзиш, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 1973-75, қаҳрамони спартакиадаи халқҳои СССР соли 1973 ва муҳимтар аз ҳама қаҳрамони ҷаҳон дар соли 1975 барои шогирдонаш то абад ҷовидон хоҳад монд.