Зани 23 сола аз ҳама бибии ҷавон дар ҷаҳон гардид
Дар Руминия духтари 11 сола ба модари лӯлияш набера тӯҳфа кардааст.
Тавре хабаргузории «Trud.ru» менависад соҳиби набера зани 23солаи лӯлӣ (цыганка) Рифка Станеск мебошад.
Гуфта шудааст, ки ин зан духтари худ Марияро дар сини 13 солагӣ таввалуд намуда буд, аммо духтар ба роҳи модар рафта дар синни 11 солагӣ гапҳои модарашро дар мавриди ба хатм расонидани мактаб ва баъди он таввалуд намуданро гуш накарда, соҳиби писарча гардид.
Падари кӯдак бошад писари 12 сола мебошад.
Тибқи иттилои манбаъ,таваллуд кардан дар синни ноболиғ ҳатто барои лӯлиҳо хуб набудааст, гарчанде ки дар онҳо ба балоғат нарасида тавваллуд кардан анъана шудааст.
Хабаргузории мазкур илова намудааст, ки ин зани 23 сола аз ҳама бибии ҷавон дар ҷаҳон гардид.