Тавре ба Озодагон аз ин ниҳод иттилоъ доданд, дар таърихи 8-9-уми декабри соли равон, дар бинои Маркази фарҳангии «Исмоилия»-и пойтахт озмуни маҳсулоти армуғони беҳтарини миллӣ барои туристон дар соли 2012-ро доир гардид. Чорабинӣ миёни ҳунармандон ва косибони кишвар дар байни иштироккунандагони ярмаркаи зимистонаи ҳунарҳои мардумӣ, сурат гирифт: «Аз миёни зиёда аз 1000 маҳсулоти пешниҳоднамудаи 75 ширкаткунандаи ярмарка, аз ҷониби Комиссияи байнисоҳавӣ 9 маҳсулоти армуғонии беҳтарини миллӣ барои туристон интихоб шуд».
Бо қарори Комиссия бо назардошти сатҳ ва сифати маҳсулоти интихобшуда ҳар яки онҳо ба ҷойҳои муносиб дар озмун сазовор гардиданд. Яъне, се маҳсулот соҳиби ҷойи 1-ум, се маҳсулот сазовори ҷойи 2-юм ва се маҳсулоти дигар мувофиқан ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.
Ғолибони озмун 21 декабр эълон мегарданд ва ба онҳо мукофотҳои пулию дипломҳо тақдим мешавад.