Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар ин чорабинӣ Қоҳир Расулзода, раиси вилоят соҳибҷашн- Ҷӯрабек Муродовро бо ҷашни милод ва панҷоҳсолагии фаъолияти эҷодиаш аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику таҳният гуфта, саҳми ӯро дар тарғиби санъати тоҷик назаррас арзёбӣ намуд.
Мавсуф гуфт, Ҷӯрабек Муродов воқеъан ҳам ҳофизи миллии халқи тоҷик буда, дар қатори нобиғаҳои санъат - Ҳоҷиабдулазиз, Акашариф Ҷӯраев, Зафар Нозимов, Боймуҳаммад Ниёзов ва дигарон ифтихори миллати тоҷик мебошад. Дар хотимаи маҳфил, барои хизматҳои шоёнаш дар рушду нумӯи санъату фарҳанги тоҷик раиси вилоят ба Ҷӯрабек Муродов ҳуҷҷатҳои ҳуҷраи истиқоматиро аз маркази вилоят инъом кард.