Ӯрунбой Усмонов бо иттиҳоми узвият дар ҳизби фаъолияташ мамнӯъшудаи «Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон» боздошт гардидааст.
Бино ба иттилои Нозирҷон Бӯриев, сардори шӯъбаи робита бо ҷомеъаи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ дар вилояти Суғд таърихи рӯзи 13-уми июни соли равон аснои баргузории як амалиёти вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шудааст.Манбаъ афзуд, дар қиболи журналист Усмонов парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳомоти аъзогӣ дар ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) ифтитоҳ шуда, тафтишоти қазия идома дорад.Гуфта мешавад, ҳангоми кофтукоб ва тафтиш далелҳои шайъӣ дар бораи узвияти боздоштшуда ба ҲИӮ дарёфт гардидаанд. «Зимнан, маълум гашт, ки Ӯрунбой Усмонов муддати тӯлонӣ бо аъзоёни ҳизби табӯшуда ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар алоқа доштааст ва дар паҳн кардани варақаҳои таблиғотии ин ташкилоти ифротгаро иштироки фаъолона дошт», илова кард манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, сафороти Британияи Кабиру ИМА, САҲА ва ташкилотҳои журналистӣ аз боздошти Ӯрунбой Усмонов изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, боздошти ӯ ба ҳирфааш пайвандӣ дорад. Ахиран, наздикону пайванди рӯзноманигор низ унвонии райисҷумҳур як нома ирсол карда, аз Эмомалӣ Раҳмон дархости озодии Усмоновро кардаанд.
{jathumbnail off}