Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, намояндаи Русия дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ зимни як сӯҳбаташ бо хабаргузории “Интерфакс” иброз доштааст. “Агар ҳамкорони тоҷик ба мо муроҷиат кунанд, мумкин аст, ин масъаларо баррасӣ кунем, вале дар ин бора гуфтан ҳоло барвақт аст».
Бояд гуфт, Русия борҳо масъалаи бозгашт ба марзи Тоҷикистонро аз тариқи расонаҳо матраҳ кардааст, вале мақомоти Душанбе гуфтаанд, зарурате ба бозгашти марзбонони рус вуҷуд надорад ва агар Русия мехоҳад кӯмак кунад, беҳтар аст, бо техникаи низомӣ ва дигар абзорҳои лозим дар тақвияти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Маврид ба ёдоварист, сарҳадбонони Русия то соли 2005 марзи Тоҷикистону Афғонистонро ҳимоя мекарданд ва бо дархости Тоҷикистон он ҷоро тарк карданд. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия аз марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.Дар ҳоли ҳозир чанд нафар аз мушовирони неруҳои сарҳадии Русия дар Тоҷикистон тибқи шартнома боқӣ мондаанду бас.