МомагулХолмуродова, модари маҳбус Умед Холмуродов дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, прокурори генералӣ ба онҳо иброз намудааст, ки Шумо шуру шанг бардоштед, фикр кардед, ки СММ (ООН) ёрдаматон мекунад, хабарнигорони газетаҳо Шуморо ёрдам мекунад: «Дар газета гап задед шарм надоштед. Мо одам мондем рафта тафтиш карданд ҳамаи гуфтаҳои Шумо дуруғ аст».
Ба қавли ин модари маҳбус Шерхон Салимзода ба онҳо гуфтааст, ки кормандони прокуратура рафта бачаҳоро тафтиш кардаанд ҳамааш 100 фоиз аст.
Аммо МомагулХолмуродова қайд кард, аз сӯҳбат бо писараш маълум шуд, ки ҳар рӯз омада онҳоро (маҳбусонро) лату куб мекунанд.
МомагулХолмуродова, инчунин изҳор дошт, ки Шерхон Салимов илова намудааст, ки қонуну давлат аст ва он ҷо осоишгоҳ нест, ки кормандони маҳбасхонаро куҷое, ки форад маҳбусонро ҳамонҷо мефиристонанд.