Маҳмадсайид Убайдуллоев, райиси шаҳри Душанбе барои баргузории чорабинии «Посбонии хотира» иҷоза дод.
Зимнан, дар робита ба ин қарори ҳукумати пойтахт ба тасвиб расида, унвонии намояндагии ширкати телевизионии «Мир» ироа гардидааст. Шафкат Сайидов, сухангӯи шаҳр мегӯяд, чанде қабл ширкати байниминтақавии радио ва телевизиони «Мир» ба ҳукумати пойтахт бо номаи расмӣ муроҷиат карда, хостори иҷозаи мақомот барои сабти наворҳои вижа ба муносибати 70-солагии оғози ҶБВ дар боғи Ғалаба гардида буд. Феълан, дархости «Мир» баррасӣ гардида, талаби онҳо қонеъ гардонида шуд. Номбурда афзуд, барои дар сатҳи олӣ гузаронидани ин чорабинӣ, ки аз соати 1-и шаб то соати 7-и субҳи рӯзи 22-юми июн идома мекунад, мақомоти зирабт муваззаф шудаанд ва интизому амниятро таъмин хоҳанд кард.
Ёдрас менамоем, Ҷанги Бузурги Ватанӣ 22-юми июни соли 1941 пас аз ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шӯравии собиқ (СССР) шурӯъ гардида 1418 шабонарӯз идома кард ва 9-уми майи соли 1945 бо ғалабаи СССР анҷом ёфт. Артиши шӯравӣ дар ин рӯз байрақи Зафарро дар Рейхстаги Берлин насб намуд. Тайи набардҳои хунин беш аз 25-миллион нафар шаҳрвандони советӣ қурбон гардиданд, ки миёни онҳо беш аз 200 ҳазор нафарро фиристодагони Тоҷикистон ташкил медоданд.