Номбурда бо ишора ба матолиби ахири дар матбуот нашршуда ишора карда афзуд, баръакс, аз рӯи андоз аз арзиши иловашуда дар Кодекси нав, сабукиҳо пешбинӣ шудаанд.Ба қавли оқои Ҷабборов, сар аз соли оянда андоз аз арзиши иловашударо он ширкату идораҳое месупоранд, ки ҳаҷми гардиши солонаашон аз 500 ҳазор сомонӣ зиёдтар аст: «Дар ҳоле, ки гардиши молии солонаи аксари нашрияҳо аз ин камтар аст, онҳо ин намуди андозро пардохт нахоҳанд кард».
Маврид ба тазаккур аст, ки қаблан дар расонаҳо хабару иттилоъе пахш шуда буд, ки бо қабули қонуни нави андозар, расонаҳои чопии кишвар муваззафанд дар қатори навъҳои дигари молиёт, дар ҳаҷми 18 дарсад андоз аз арзиши изофашударо бисупоранд. Масъулини расонаҳо ва созмонҳои рӯзноманигорӣ таъкид карда буданд, ки чунин талабот, нашрия ва маҷаллаҳои Тоҷикистонро, ки теъдоди зиёд надоранд, варшикаста ва аз бозори матбуот берун хоҳад кард.
Айни замон дар Тоҷикистон наздики 400 нашрия ва маҷалла ба чоп мерасанд, ки бархе аз онҳо вобаста ба давлат ва қисмате ҳам ғайридавлатӣ буда, теъдоди нашрашон аз 1 то 15 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад.