Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии МН кишвар хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагон ва Радаи Олии Украина, густариши муносибот дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энргетика, саноат ва сохтмон, варзишу туризм, башардӯстона ва фарҳанг изҳори назар карда шуд.
«Ҳамкориҳои байнипарлумонии мо танҳо дар доираи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои байналмилалии парлумонӣ, ки ҳарду кишвар аъзои онҳо ҳастанд, маҳдуд шудааст»,- гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва илова намуд, ки муносиботи мо бояд дар сатҳи дуҷониба бештар ривоҷу равнақ ёбанд, зеро омӯзиш ва истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумонҳои ҳамдигар метавонанд ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии ҷумҳуриҳои мо кӯмак кунанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратии Душанбе ва Киев изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки мубодилаи тиҷоратии Тоҷикистону Украина тайи солҳои охир раванди рӯ ба рушдро касб намудааст, аз ҷумла ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Украина дар соли 2010 ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2009 ба миқдори 65% зиёд аст. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, ҳанӯз ҳам аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии ду кишвар ба шумор меравад, зеро 90% дастгоҳҳои техникии нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон дар Украина сохта шудаанд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин оид ба ҷалби сармоягузорони Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла доир ба таҷҳизоти гуногуни барқӣ, истихроҷ ва коркарди захираҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ изҳори назар карда шуд.
Виктор Никитюк ҳамчунин таъкид кард, ки соли 2013 дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украина, рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон баргузор шуда, ҳамчунин ифтитоҳи маркази савдои ин кишвар дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.