Аз Вазорати маориф ба Озодагон иттилоъ доданд, ки номбурда илова намудааст, ки дар ҷумҳурӣ қарз аз ҳисоби иҷораи китобҳои дарсӣ аз соли 2001 то 31-уми декабри соли 2011 22 281 532, 29 сомонӣ ва аз ҳисоби маводи таълимӣ, журналҳои синфӣ ва дафтарҳои машқи хат 1 721 285, 63 сомониро ташкил намудааст: «Ин гуна қарзҳо бо баъзе сабабҳо, аз ҷумла дер ворид шудани маблағҳо аз шӯъбаҳои ноҳиявии бонкҳо ба суратҳисоби махсуси вазорат ва нодуруст пешниҳод шудани маълумот аз ҷониби мутасаддиёни шӯъбаҳои маориф, мувофиқат накардани маълумотҳо доир ба ин масъала, ба миён омадааст».
Комил Исоев аз фаъолияти як қатор шӯъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ изҳори нигаронӣ кард ва ҳамзамон фаъолияти бархе аз онҳоро дар ин самт намуна нишон додааст.