Имрӯз, 13-уми декабр ҷаласаи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии маҷлиси олии Тоҷикистон баргузор гадид. Аз 36 қонун ва лоиҳаҳои қонун, ки бо иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии маҷлиси олӣ чиҳати қабул шудан аз ҷониби аъзоёни маҷлис баррасӣ гардиданд, ҳамагӣ як қонун қабул нагардид ва боқимонда қабул шуданд.
Дар ин нишаст танҳо қонуни Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи
ширкаткунандагон бо сабаби ҷой доштани баъзе нуқсонҳо қабул нагардид.
Санадҳои дигар аз қабили қонун «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳифзи ҳавои атморсфера», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи Кодекси шаҳрсозӣ», «Дар бораи шарикии давлат ба бахши хусусӣ» зимни ин ҷаласа қабул гардиданд.
Ҳамчунин қабули қарорҳои Маҷлсиси миллии маҷлси олӣ роҷеъ ба ба тағйир додани номи як қатор деҳаҳои навоҳии Нуробод, Турсунзода, Ашт, Спитамен низ дар ҷараёни ин ҷаласа сурат гирифт.