Тавре ба Озодагон дар РКД-и вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳодисаи якум дар ноҳияи Ҷ. Расудов ба вукӯъ пайвастааст: «Дар ҳудуди заминҳои корами ҷамоати Узбакқишлоқ, ҷасади Худойназар Деҳқонов, сокини 36-солаи ҷамоати Гулхонаи ҳамин ноҳия бо аломати марги зӯроварӣ дарёфт карда шуд. Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ «бо изи гарм» Зоир Рустамови 26-сола бо гумони содир намулани ҳамин ҷиноят дастгир карда шудааст. Ӯ ҳамқишлоқашро бо роҳи буғӣ кардан бо курта куштааст.
-Ҳодисаи дуюм дар Истаравшан ба амал омадааст. Тахиминан соати 15.00, шахси номаълум дар бозори марказии ин шаҳр, ба қафаси сина ва дасти рости сокини 47-солаи чамоати Гули Сурх бо корди хоҷагӣ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар робита ба ин ҷиноят, Аскар Бобоев ҳамчун гумонбар аз сӯи кормандони милиса дастгир гардид,-афзуд манбаъ.