Дар таъзияномаи сафорат аз ҷумла омадааст: «Лола Исмоилова беш аз 60 сол ба ҳайси “маликаи зебоӣ” дар дилу хотираи мардум маскан гирифта буд». Охири соли 1949, пас аз рӯи яке аз шумораҳои маҷаллаи маъруфи даврони шӯравӣ “Огонёк” нашр шудани акси Лола Исмоилова, ӯ чун зеботарин бону шинохта шуд ва аксбардор Олег Кнерринг, ба шарофати ин акс, ҷоизаи беҳтарин аксбардор дар соли 1949-ро шарафёб гардид.
Баъди он, Лола Исмоилова, чун олиҳаи ҳусну малоҳат дили ҳазорон ҳазор одамони касбу кори гуногунро тасхир намуда буд, ки дар ин миён метавон аз шахсиятҳои маъруф, монанди адиб ва аккос Петр Пилшиков, оҳангсози номдор Алберт Гординский, муҷассамасоз Петр Миргородский ва дигарон ном бурд. Соли 1950 П. Миргородский пайкараи ӯро офарид ва он чун рамзи зебоии зан дар Қрим гузошта шуд...
Хотираи неки Лола Исмоилова дар дили ҳар касе, ки ўро мешинохт, абадӣ зинда мемонад.
Маврид ба ёдоварист, чанд рӯз қабл дар Душанбе, пас аз бемории кӯтоҳ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Лола Исмоилова, ки аввалин маликаи ҳусни тоҷик ба шумор мерафт, дар синни 83-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.
Лола Исмоилова ҳамон бонуест, ки дипломи нахустини УДТ ба номи Ленинро дошту ҳамсари устоди (баъдан ректори) Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе Қандил Ҷӯраев буд. Гавҳар ва Зевар Ҷӯраеваҳо фарзандони ин хонаводаи бонуфуз мебошанд ва аввалӣ бо Давлат Худоназарови киносози машҳур (номзад ба маснади президенти ҶТ дар соли 1991) оила барпо кардааст.