Тавре ба Озодагон Носири Сайдализода, як масъули кумитаи кор бо ҷавонон хабар дод, мақсад аз баргузории озмуни «Донишҷӯи Сол-2012 » дарёфти донишҷӯи беҳтарин, ҳавасманд ва тарбия намудани донишҷӯёни ҷумҳурӣ дар рӯҳияи илмдӯстӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносиву ифтихори миллӣ мебошад.
Даври аввали озмун дар макотиби олии ҷумҳурӣ доир шуда, ғолибон бо пешниҳоди роҳбарияти макотиби олӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмун аз шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Хоруғ ва Душанбе 45 нафар донишҷӯёни беҳтарин ширкат намуданд.
-Бо назардошти тартиби озмун нахуст аз муҳассилин диктант ба забони давлатӣ гирифта шуд. Сипас ба онҳо як саволӣ дар доираи фанҳои ҷамъиятӣ, сиёсати давлатии ҷавонон пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои пешниҳодшуда довталабон ба таври хаттӣ ҷавоб навиштанд. Ҳамчунин, омӯзгорон дониши забонӣ ва технологияи муосири довталабонро санҷиданд,-афзуд манбаъ.
Дар ин озмун ҷойи аввал насиби Наврӯза Алиқулова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, А.Маҳмудов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Б. Ғаффуров гардида, ҷойи дуюмро Нуриддиншо Азимӣ, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, Абдулқайси С, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, М. Сафарзода , донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа; ба номи Н. Хисрав сазовор шуданд. Донишҷӯи Донишгоҳи тиббии кишвар- Муродов бошад, барандаи ҷои сеюм эълом шуд.