Тавре сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ менависад, ба андешаи узви кумитаи парламон ҳукумати Британия бояд доштани меъёри муайяни маводи мухаддир, ҳамчунин мухаддироти пуртаъсире аз қабили героин ва кокаинро қонунӣ кунад. Дар ин маврид онҳо ба таҷрибаи кишварҳое чун Португалия ва Уругвай такя мекарданд, ки роҳи қисман қонунигардонии маводи нашъадорро интихоб карда буданд.
«Ман қоунунигардонии истеъмоли мухаддиротро қабул надорам. Сёсате, ки мо дар Британия Кабир пеш мебарем, натиҷаҳои худро медиҳад. Истеъмоли маводи нашъадор дар кишвар коҳиш меёбад», - изҳор дошт Дэвид Кэмерон дар Кембриҷ.
«Комилан дуруст мебуд агар мо ба табобат таваҷҷуҳ мекардем, бояд ба ин роҳ идома диҳем, то ки вазъро тағйир диҳем. Мо бояд сади роҳ шавем, ки маводи мухаддир ба зиндонҳо роҳ наёбад. Ин аст роҳе, ки ҳукумат интихоб кардааст ва ман фикр мекунам бояд ҳамин гуна пеш равем, на ки Комиссияи Шоҳигарӣ созмон диҳем, ки кори он муддати тӯлонӣ идома хоҳад кард», - гуфт сарвазири Британияи Кабир дар хотимаи суҳбаташ.