Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи ин хадамот ба Озодагон иттилоъ дод, ки ин вохӯрӣ давоми ду рӯз, то 14 –уми декабр идома ёфта, дар назар аст зимни он масоили шиносоӣ бо вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, баҳисобгирии муҳоҷирон, ҳамкорӣ бо ҷамъияти муҳоҷирон ва саҳми онҳо дар рушди ноҳияҳо, масъалаи депортатсия баррасӣ гардад.
Номбурда иброз дошт, ки дар ҷараёни ин сафар масъулини хадамот на танҳо бо фаъолону раисони ҷамоатаҳои ин ноҳия, балки бо мардуми одӣ, муҳоҷирони тозабарагашта мулоқот намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои онҳоро шунида, матраҳ хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, назорати фаъолияти муҳоҷирони меҳнатии хориҷа дар Тоҷикистон, сатҳи забондонии муҳоҷирони меҳнатӣ, касбомӯзӣ, одобу русум, таърих ва фарҳанги кишварҳои қабулкунанда ва дигар масъалаҳое, ки ба мавзӯи муҳоҷирати меҳнатӣ марбутанд, аз сӯи кормандони хадамот дар ноҳияи Турсунзода мавриди муҳокима ва гуфтугӯ қарор мегиранд.
Манбаъ мегӯяд, миёни масъулини хадамот ва бошандагони ноҳия саволу ҷавоб дар мавриди касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ичозати кор, тарзи гирифтани патент, назорати дақиқи тамоми сохторҳо ҳангоми сафари ноболиғон ба хориҷи кишвар дар фурӯдгоҳҳо, роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ сурат мегирад. Бояд зикр намуд, Хадамоти муҳоҷират дар чанд ҳафтаи ахир бо сокинони навоҳии мухталиф, аз қабили Варзоб, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ашт ва Спитамен дидору мулоқотҳо намуда буданд.