Темурмалик макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ интихоб гардид.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар ин ноҳия тайи ду рӯзи гузашта мусобиқоти гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ сурат пазируфта, теъдоди зиёди меҳмонон ва масъулин ширкат доштанд. Зимнан, иштирокчиёни чорабинӣ аз толори варзишии ҷамоати деҳот, ки ин ин ҷо шогирдон усулан ба таълими гуштингирӣ машғул мебошанд, дидан карданд. Баъдан як сабқати хурди гӯштингирони ҷавони маҳаллӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, Сайидмумин Раҳимов ягона қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистони шӯравӣ буд, ки дар намуди гуштини самбо аз миёни республикаҳои сотсиалистии Осиёи Миёна бар ҳарифонаш ғолиб омада буд. Танҳо бо гузашти беш аз сӣ сол ва касби истиқлоли Тоҷикистон, паҳлавонони тоҷик ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ ёфта, пайрави Сайидмумин гардиданд ва ба қуллаи шӯҳрати қаҳрамонӣ расиданд.
{jathumbnail off}