Тавре Муродалӣ Тешаев, котиби матбуотии Кумитаи милии олимпӣ хабар дод, иштирокчиёни семинар аз ҳунари олии Зебунисо ифтихор намуда барои пайдо намудани чеҳраҳои нав миёни бонувон дар риштаҳои варзиш масалаҷуӣ намуданд.
Баҳрулло Раҷабалиев, роҳбари кумитаи мазкур иброз дошт, ки мақсади баргузории семинар дар оянда пайдо намудани бонувони лаёқатманд дар бахши варзиш мебошад.
Гуфта мешавад, аз ҷониби ин кумита барномаҳои мушахас қабул гардидааст, ки мақсади асосии онҳо ҷалби бештари бонувон ба варзиш аст.
Манбаъ мегӯяд, ҷомеи солимро зани солим бунёдгар аст, аз ин пас барнома дар дигар минтақаҳои дурдасти кишвар низ амалӣ мегардад.