Аз ширкати «АгроИнформ» ба Озодагон иттилоъ доданд, ки ба ҳисоби миёна нархи як литр равғани гӯсфанд дар бозори «Шоҳмансур» 25 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар ба бозори «Панҷшанбе»-и Хуҷанд ба 10 сомонӣ баробар мебошад.
Манбаъ афзуд, тибқи таҳлилҳо аз ҳама нархи гарони равғани гӯсфанд дар бозори марказии шаҳри Исфара мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як литр равғани гӯсфанд бо арзиши 35 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст: «Дар бозори марказии ноҳияи Рашт 30 сомонӣ, бозори марказии шаҳри Кӯлоб 25 сомонӣ ва бозори марказии шаҳри Истаравшан як литр равғани ғӯсфанд 34 сомонӣ арзиш дорад».