Тавре ба Озодагон аз Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, нахуст намоиши филми мустанад доир ба роҳи тайнамудаи ин бонуи ҳунар дар ҷодаи театр ва кино манзури аҳли толор шуда, баъди он Мирзошоҳрух Асрорӣ соҳибҷашнро аз номи ҳайъати мушовараи кормандони театрӣ муборакбод гуфт.
Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханҳои табрикотӣ ба Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева телевизори ранга ва ҳуҷҷатҳои хонаи дуҳуҷрагиро дар маркази шаҳри Хуҷанд тӯҳфа намуд. Дар поёни барнома саҳначаҳои театрӣ аз рӯзгори Ҳунарпешаи мардуми Тоҷикистон Сайрам Исоева манзури мухлисон гардид