Бино ба гузориши Associated Press ин миқдор маводи нашъаовар дар навоҳии марзии Эрон бо Покистон рӯзи 8 декабр забт шудааст. Сарвари пулиси маҳаллӣ, Ғуломнабӣ Кӯҳкан ба хабарнигорон гуфтааст, ки мусодираи ин миқдор нашъа бо муқовимати шадиди мусаллаҳона ҳамроҳ будааст. Гурӯҳи қочоқбарон, ки 11 тонна маводро бо шутурҳо интиқол медоданд, ба кормандони хадамоти махсуси Эрон ҳамла карданд. Ба асари даргирӣ як тан аз ҳамлаварон кушта гардид ва чандин тани дигари онҳо захмӣ шуданд.
Дар мавриди талафот миёни марзбонони эронӣ хабар дода намешавад.
Гуфта мешавад, 11 тонна маводи мусодирашуда навъҳои гуногуни мухаддирро дарбар мегирад.