Маврид ба ёдоварист, Романов дар моҳи сентябри соли равон дар ҳамоиши Варшава оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон сухан карда, иброз дошт, ки дар маҳбасҳои Тоҷикистон шиканҷа ба таври густурда истифода мешавад. Ба гуфти ӯ, дар зиндонҳои кишвар барои бозпурсии гумонбарон ва маҳбусин аз дастгоҳҳои барқие чун "Роғун"-у "Сангтӯда" ҳам истифода мекунанд.
Дар қатори Сергей Романов, ҳамчунин Рамзия Мирзобекова, хабарнигори нашрияи "Азия-Плюс" ва созмони ҳуқуқшиносони ҷавон "Ампаро" низ бо ҷоизаи вижа аз сӯи созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсон сарфароз гардиданд.