Фарҳод Саидови 16 сола , сокини кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар пайи амалиёти кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт гардид.
Аз ВКД ба Озодагон иттилоъ доданд, ки номбурда ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад, зимни кофтукови шахсӣ аз Фарҳод 1800 дона маводи пиротехникӣ дарёфт ва мусодира намудаанд.