Қаҳрамон Сангинов, ҳамоҳангсози барномаи ҳуқуқии институти мазкур ба Озодагон иттилоъ дод, ки зимни ин нишаст натиҷаи пажӯҳиш роҷеъ ба дониши ҳуқуқии мардум, муроҷиати мардум ҷиҳати гирифтани машварти ҳуқуқӣ баррасӣ хоҳанд шуд: «Оё монеаҳои дастрасии аҳолӣ ба адолати судӣ вуҷуд доранд? Оё одамон дар бораи механизмҳои ҳалли проблемаҳои ҳуқуқӣ донишу маълумот доранд? Агар не, он гоҳ онҳо проблемаҳои ҳуқуқии худро чӣ гуна ҳал мекунанд? Аҳолӣ барои гирифтани машварат ба куҷо ва ба кӣ муроҷиат мекунад? Кадом ниҳодҳо ва ё шахсон барои ҳалли проблемаҳо мусоидат мекунанд? Сабаби муроҷиат аз чӣ иборат аст? Барои посух гирифтан ба ин ва дигар суолҳо, ки ҳалли ин проблемаҳои ҳуқуқӣ байни аҳолӣ маъмул аст, пажӯҳиш гузаронида шуд».
Гуфта мешвад, дар оянда натиҷаҳои тадқиқоти мазкур барои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи ҳуқуқӣ мусоидат менамоянд.