Ҳафтаномаи "Сонди Тайм" ба нақл аз манобеъи дипломатики худ муддаӣ шуд, ки Обама муҷаввизи ирсоли силоҳ ба Сурияро содир карда ва ин маъмуриятро ба созмони СИЁ супурдааст.
Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз ҳафтаномаи "Сонди Тайм", Амрико ба зуди амалиёти сирриро барои ирсоли силоҳ барои мухолифони давлати Сурия оғоз мекунад. Пеш аз ин ҳам Амрико бар раванди ирсоли силоҳ аз тариқи Туркия ва Қатар ба Сурия назорат дошта, аммо ин аввалин бор аст, ки ин кишвар мустақиман даст ба ин кор мезанад.
Як манбаъи аршади диплумотик дар мусоҳибае бо ин нашрияи англисӣ гуфтааст, хумпораандоз, норинҷакҳои савор бар рокет ва мушакҳои зиддитанкӣ аз ҷумла таслиҳотест, ки қарор аст аз тариқи кишварҳои дўсти Амрико дар Ховари миёна ба Сурия ирсол шавад.