Белгия ҳарос дорад, ки баъди ба намоиш баромадани филми навбатии зиддиисломии «Пайғамбари бегуноҳ» амалиётҳои террористӣ дар ин кишвар зиёд мешавад.
Белгия дар қатори аввалин кишварҳои аврупоист, ки барои пешгирии оқибатҳои намоиши филм омодагӣ гирифта истодааст. Ба навиштаи рӯзномаи «Direct Matin», ин филми зидиисломӣ, ки гӯё аз ҳаёти пайғамбар Муҳаммад (с) аз ҷониби Имран Фиросатии покистонӣ, ки дар Ирландия ба сар мебарад ба навор гирифта шудааст.
Маврид ба ёдоварист, ки ин дуввумин филми зиддиисломӣ буда, филми аввал «Бегуноҳии мусалмонон» тобистони соли ҷорӣ аз ҷониби Басили Накулаи 55- сола ба навор гирифта шуда, дар шабакаҳои интернетӣ паҳн гардида буд, ки нигоҳи тамасхуромез ба зиндагии паёмбари ислом дошт. Ин филм тамоми мусалмонони дунёро ба шӯр оварда буд.