Тавре қаблан иттилоъ дода будем, нимаи дуюми рӯзи 8-уми декабр Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар раъси як ҳайати баландпояи ҳукумати кишвар озими шаҳри Женеваи Шветсария гардида буд.
Сомонаи расмии райисҷумҳур менависад, президентро дар фурудгоҳи байналмилалии Женева муовини намояндаи доимии Шветсария дар назди шӯъбаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Женева Амадео Перез ва дигар шахсони расмӣ истиқбол карданд. Тибқи иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат оид ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд.
Маврид ба ёдоварист, дар маросими пайваст шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти СҶТ намояндагон аз тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат менамоянд. Гуфта мешавад, алъон 157 кишвари ҷаҳон аъзои ин ташкилоти бонуфуз мебошанд.
Ҳукумати кишвар бо назардошти зарурият ва моҳияти узвият дар ин созмон, соли 2001 ба Котиботи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат номаи дархостӣ ироа карда буд ва Шӯрои Генералии СҶТ дар ҷаласаи худ ба Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро пешниҳод намуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он таъсис дода шуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Шӯрои генералии созмони мазкур иштироки фаъолона дошт.Рӯйдоди таърихӣ – маросими дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат имрӯз, 10 декабри соли равон дар қароргоҳи он дар шаҳри Женева баргузор мегардад.
Ҳамзамон, интизор меравад, ки Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро бо сарвари кулли Шӯрои СҶТ Паскал Лами мулоқот анҷом диҳад.