90% корҳои сохтмони дар НБО «Сантӯда-2» ба анҷом расидаанд
Тайёраи боркаши тамғаи Ан-124-100 ба Душанбе трансформатори «НБО-и Сангтӯда-2»-ро овард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» масъули ширкати эронии «Сангоб» Сайид Аскарӣ иттилоъ дод, ин таҷҳизот, ки шаби гузашта ба Тоҷикистон расид, тариқи ҳавопаймои «Руслан» нақли макон кард. Бояд гуфт, вазни умумии ин трансформатор 120 тоннаро ташкил медиҳад. Мавсуф афзуд, тамоми таҷҳизоти марбут ба эҳдоси «Сангӯда-2» тавассути ҳавопаймоҳои бузурги боркаши низомӣ ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, албатта бо тайёра овардани таҷҳизот ба Душанбе гарону пурарзиш аст, вале ин тасмим барои тезонидани корҳо мусоидат хоҳад кард. Гуфтанист, трансформатори дуюми нерӯгоҳ низ аввали ҳафтаи оянда ба Тоҷикистон оварда мешавад. Бино ба қавли ҷаноби Аскарӣ феълан 90 дарсади корҳо дар ин иншоот ба анҷом расида, то моҳи сентябр боқимондаи корҳо ба поён мерасанд.{jathumbnail off}