Коллегияи Вазорати маориф дар Кӯлоб
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҷаласаи раҳбарони шӯъбаҳои маорифи минтақа бо ширкати масъулини вазорат баргузор шуд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, дар нишасти мазкур ба ҷуз мудирони маорифи шаҳру навоҳии Кулоб, инчунин директорони мактабу парваришгоҳҳо ва намояндагони ҳукумати шаҳр иштирок карданд.
Дар ҷаласа аз ҷараёни корҳои анҷомёфта тайи як соли ахир, бурду бохти маорифи минтақа ва мушкилоти соҳа сухан карданд ва натиҷаи он ба Вазорати маориф пешниҳод хоҳад шуд,-афзуд манбаъ.