Баррасии Кодекси граждании Тоҷикистон
Маркази миллии қонунгузорӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) тасмим гирифтаанд 12 то 14-уми декабри соли равон дар осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм мизи мудаваре баргузор намоянд.
Бино ба иттилои масъулини ин марказ, ин ҳамоиш оид ба Консепсияи такмили қисми якуми Кодекси граждании Тоҷикистон буда, масъалаҳои мухталиф роҷеъ ба ин мавзӯъ матраҳ хоҳад шуд.
Дар нишасти мазкур иштироки олимон, мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ дар назар дошта шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ масъалаҳои муҳими вобаста ба такмили қисми якуми Кодекси гражданӣ, аз ҷумла муқаррароти умумии кодекс, ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, аҳдҳо, намояндагӣ, аҳдҳои беэътибор ва оқибатҳои ҳуқуқии он, ҳуқуқи моликият, ӯҳдадориҳо ва ғайра муҳокима мешаванд.